Шаҳрванди тоҷикистонии боздошт шуда дар Русия озод шуд
-
Боздошти шаҳрвандони тоҷик ба дархости Қирғизистон бо вокуниши шадиди сокинони Исфара рӯбарӯ шудааст
Як шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд, пас аз бозҷӯӣ озод шудааст.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Диловар Ҷӯраев, ки мутаваллиди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд аст, ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон ва ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои марзӣ дар шаҳри Новосибирски Русия боздошт ва пас аз бозҷӯӣ озод шудааст.
Вай гуфтааст, ки дорои шаҳрвандии Русия аст ва иддаои Қирғизистон дар ин замина комилан беасос аст.
Боздошти як шаҳрванди тоҷикистонии дигар дар Бошқирдистон ба дархости қирғизҳо
Ду моҳ қабл ҳам мақомоти интизомии Русия ба дархости Қирғизистон Фурқат Абдулфаттоев, шаҳрванди 45 солаи Тоҷикистонро дар ҷумҳурии худмухтори Бошқирдистон боздошт карданд.
Қирғизистон аз тариқи Пулиси байналмилал бо таъқиби ин шаҳрванди тоҷик муддаӣ шудааст, ки вай шаби 13 марти соли 2020 дар даргирӣ миёни сокинони рӯстоҳои марзии ноҳияҳои Исфара ва Ботканд ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардааст.
Аммо Саид Имомӣ, Сарконсули Тоҷикистон дар ҷумҳурии худмухтори Бошқирдистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия таъкид кардааст, ки Фурқат Абдулфаттоев дар ин таърих аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русия машғӯл ба кор будааст.
Эътирози тоҷикҳо ба боздошти шаҳрвандони ин кишвар ба дархости Қирғизистон
Боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба дархости Қирғизистон бо вокуниши шадиди сокинони ноҳияи Исфара рӯбарӯ шудааст.
Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки бо вуҷӯди кушта шудани сокинони ин ноҳия дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон то ба ҳол мақомоти қазоии Тоҷикистон ҳатто як шаҳрвандони Қирғизистонро таҳти пайгард қарор надодаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки ба далели ихтилоф бар сари манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ бо вуҷӯди беш аз 25 сол музокирот танҳо дар мавриди аломатгузории 504 километр аз манотиқи марзӣ ба тавофуқ расидаанд.
Даври ҷадиди музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон 16 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба дархости Қирғизистон
- Кумак гирифтани Қирғизистон аз артиш барои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт ба Тоҷикистон
- Вогузории канали обрасонӣ ба Тоҷикистон дар Қирғизистон хабарсоз шуд