Март 13, 2021 13:29 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни корона дар кишварҳои ИДМ беш аз 100 ҳазор нафар эълом шудааст
    Шумори қурбониёни корона дар кишварҳои ИДМ беш аз 100 ҳазор нафар эълом шудааст

Кумитаи омори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ), Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи нахусти кишварҳои дорандаи камтарин афроди мубтало ба бемории Ковид 19 қарор дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин раддабандӣ Узбекистон ва Қазоқистон дар ҷойгоҳҳои дувум ва сеюм қарор гирфтаанд.

Арманистон, Украина ва Молдова низ дар ИДМ бештарин беморони коронаиро ба номи худ сабт кардаанд.

Теъдоди кулли беморони мубтало ба Ковид 19 дар ИДМ, 6 миллиону 700 ҳазор нафар ва шумори қурбониёни ин беморӣ дар ин минтақа беш аз 100 ҳазор нафар эълом шудааст.

Дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 январ то ба ҳол ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба вируси корона сабт нашудааст ва авзои коронаӣ дар ин кишвар сафед аст.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон 13 ҳазору 30  нафар дар ин кишвар ба вируси корона олӯда шуданд, ки аз ин теъдод 90 тан ҷон бохтанд ва бақия дармон шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп