Тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ИДМ манфӣ шуд
(last modified Sat, 13 Mar 2021 08:59:38 GMT )
Март 13, 2021 13:59 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 Тоҷикистон аз ИДМ, 2 миллиарду 68 миллиондоллар маҳсӯл ворид кардааст
    Дар соли 2020 Тоҷикистон аз ИДМ, 2 миллиарду 68 миллиондоллар маҳсӯл ворид кардааст

Тавозуни муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ дар соли 2020 манфӣ эълом шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар соли 2020 Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИДМ 2 миллиарду  68 миллиондоллар маҳсӯл ворид кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки содироти Тоҷикистон ба ИДМ дар ин муддат наздик ба 290 миллиондоллар эълом шудааст, ки як миллиарду 779 миллиондоллари он ба нафъи воридот будааст.

Дар муқоиса бо соли 2019 бештарин мизони коҳиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия ва Қазоқистон буда ва ба тартиб ба 892 ва 605 миллиондоллар расидааст.

Қабл аз густариши вируси корона мизони муомилоти тиҷории солонаи Тоҷикистон бо Русия беш аз як миллиард доллар буд.

Ҳамчунин дар соли 2019 тавозуни муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Узбекистон 20 миллиондоллар ба нафъи содирот буд, аммо дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона Узбекистон ба Тоҷикистон 168 миллиондоллар бештар маҳсӯлот содир кардааст.

Дар маҷмуъ 94 дарсади кулли муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 бо се кишвар Русия 45,1 дарсад, Қазоқистони 36.6 дарсад ва Узбекстон 12,1 дарсад будааст.

БЕШТАР БИХОНЕД: