Эҳдои ҷоизаҳо ба нафароти бартари Олимпиадаи илмии Тоҷикистон
Ҷоизаҳои нафароти бартари олимпиадаи донишҷӯёни Тоҷикистон эҳдо шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ раиси Академияи миллии улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳими дар ин маросим, ки дар пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони заминҷунбии Академияи Миллҳои Тоҷикистон баргузор шуд гуфт: саволоти олимпиадаи имсол нисбат ба солҳои гузашта сахттар буд.
" Нафароти бартари ин олимпиада метавонанд бидуни озмун дар мақотеъи болотар таҳсил кунанд"- гуфт ӯ.
Олимпиада дар риштаҳои математика, физика, астрономия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.
Фарҳодҷон Шокириён, донишҷӯи донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Бобошоҳ Шарифов, донишҷӯи Донишгоҳи Рӯдакии Кӯлоб мақоми аввали риштаи нуҷӯмро ба даст овараданд.
Дар соҳаҳои риёзиёт низ Ҳикматуллоҳ Исматов донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Маскав, Файзуллоҳ Саъдуллоев донишҷӯии мудирияти давлатии Тоҷикистон, Таҳмурс Абдулшарифов, донишҷӯи донишгоҳи муштараки Тоҷикистон - Русия ва муҳаммадалӣ Назароф, донишҷӯи донишгоҳи миллии Тоҷикистон нафароти бартар дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ эълон карда шуданд.
Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамшед Рустам ва донишҷӯи пизишкии донишгоҳи Хатлон Ҷобир Қурбоналӣ ҳам афроди баргузида дар риштаи физика шуданд.
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии таълиму тарбияти Садриддин Айнии Тоҷикистон Наргис Бобохонова, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зокирҷон Ҷобиров низ рутбаҳои бартарро дар риштаи геология касб карданд.
Ҳамчунин масъулони баргузоркунандаи олимпиада Нуриддин Садриддинов донишҷӯи пизишкии донишгоҳи Абӯалӣ Сино ва доншҷӯи Донишгоҳи давлатии таълими ва тарбияти Тоҷикистон Нилуфар Бозороваро дар соҳаи зистшиносӣ ба унвони нафароти бартар эълом карданд.
194 донишомӯз аз манотиқи мухталифи Тоҷикистони дар ин олимпиада ширкат карда буданд.
Бештар бихонед: