Ҳузури гӯштингирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ
(last modified Sun, 14 Mar 2021 16:09:27 GMT )
Март 14, 2021 21:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури гӯштингирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ
    Ҳузури гӯштингирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Гӯштингирони самбои тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон рақобат мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз федератсияи гуштини Тоҷикистон, Ҷоми ҷаҳонии самбо рӯзҳои 25-26 март дар Маскав баргузор мешавад. 

Ин мусобиқот, ки ба номи  Анатолий Харлампиев, асосгузори гуштини самбо номгузорӣ шудааст, ки яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалии гуштини самбо мебошад.

 

Хушқадами Хусравов, Камолиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сурбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Буев, Рамазон Ҷумъаев, Аҳтам Ҳусайнов, Фирдавс Хатибӣ ва Мирғаффур Абдулҳақ 11 варзишкори   Тоҷикистон ба мусобиқоти ҷаҳонии гуштини самбо дар Маскав ҳастанд.

Самбо риштаи ҷадиди размӣ маҳсуб мешавад, ки дар даҳаи 1920 дар артиши Шуравӣ ба манзури тақвияти тавоноии муборизаи танбатани  сарбозон, поягузорӣ шуд. 

Ин ришта бар фунуни гиловезӣ ва партобӣ таъкид дорад ва талфиқе аз муассиртарин текникҳои чандин риштаи дигар аз ҷумла  дзюдои Ҷопон, гуштии озод ва сабкҳои маҳаллии гуштии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебошад. 

 

Бештар бихонед: