Корона аз Тоҷикистон рафт, аммо маҳдудияти арӯсиҳо боқӣ монд
(last modified Wed, 17 Mar 2021 08:12:49 GMT )
Март 17, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Соҳибони рестаранҳо мегӯянд, ки бо баргузории тӯйҳои 40 нафарӣ наметавонанд ҳазинаҳои нигаҳдориро таъмин кунанд
    Соҳибони рестаранҳо мегӯянд, ки бо баргузории тӯйҳои 40 нафарӣ наметавонанд ҳазинаҳои нигаҳдориро таъмин кунанд

Дар Тоҷикистон ба далели гузориш нашудани мавриди ҷадиди мубтало шудан ба Ковиди 19 дар 67 рӯзи ахир тамоми маҳдудиятҳо рафъ шудааст, аммо баргузории маросими арӯсӣ ҳанӯз ҳам муқаррароти қаблӣ боқӣ монд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, бо бозгушоии марказҳои тиҷорӣ, масҷидҳо, мактабҳоу донишгоҳҳо ва содир шудани муҷаввизи баргузории ҷашни наврӯз ва мусобиқоти варзишӣ, танҳо маҳдудияти баргузории ҷашнҳои арӯсӣ бо мушорикати 40 нафар бидуни тағйир мондааст. 

 Дар Комитети давлатии умури дину танзими ҷашну маросими Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин маврид ситоди кишварии муқобила бо вируси корона тасмим хоҳад гирифт, ки феълан ҳеч дастуре дар ин замина содир нашудааст. 

 Аммо расонаҳои мустақили хабарӣ таъкид мекунанд чунин ситоде ба раёсати   нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода на нишоне ( адрес ) дорад, на сомонаи интерентӣ ва на сухангӯе, ки битавон дар бора мавзӯҳои муҳим дар шароити коронаӣ аз ӯ тавзеҳ  хост. 

Ба ин нукта, ки ситоди ёдшуда танҳо рӯи коғаз вуҷуд дорад ҳатто сохторҳои давлатии Тоҷикистон низ эътироф мекунанд. 

Моликони ресторанҳо шикоят доранд, ки бо баргузории ҷашнҳои арӯсӣ бо 40 нафар наметавонанд ҳазинаҳои нигаҳдориро таъмин кунанд ва дучори зиёни фаровон мешаванд.

 

Бештар бихонед: