Тоҷикистон ҷонибдори аз байн бурдани монеаҳои тиҷорӣ миёни кишварҳои ИДМ
(last modified Fri, 13 Dec 2024 13:05:46 GMT )
Декабр 13, 2024 18:05 Asia/Dushanbe
  • Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон хостори аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар тиҷорати мутақобил миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аст.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин бора Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав изҳор дошт.

Ба гуфтаи Расулзода, Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки соли 2025 раёсат дар ин созмонро бар ӯҳда мегирад, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар фазои ИДМ талоши зиёде хоҳад кард.

Вай афзуд: Яке аз самтҳои муҳими талошҳои мо дар раёсати ИДМ ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад буд. Дар ин самт мо ҷонибдори аз байн бурдани монеаҳо ва маҳдудиятҳо дар тиҷорати мутақобила ҳастем, ки мутаассифона, то ҳол дар фазои ИДМ боқӣ мондаанд.

Нахуствазири Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи рушди технологии энергетикӣ дар кишварҳои узви ИДМ, гузаштан ба усулҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ, зиёд кардани ҳиссаи истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва технологияҳои каммасрафро самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои ИДМ қаламдод кард.

Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд, ки дар он масоили тақвияти ҳамкориҳо баррасӣ гашт.