Равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Узбакистон тақвият меёбад
Мақомоти порлумонии Тоҷикистону Узбакистон бар тақвияти равобити порлумонии ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши “Ховар”, дар таърихи 12 сентябр дар ҳошияи ҳамоиши байнипорлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи ҷумҳурии Узбакистон баргузор шуд, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Танзила Норбоева, раиси Маҷлиси сенати ҷумҳурии Узбвкистон дидорқ гуфтугӯ кард, ки дар ҷараёни он тарафайн дар мавриди ғанисозмм равобити байнипорлумонӣ бо муҳтавои ҷадид баҳсу табодулм назар карданд.
Дар ин нишаст бар беҳбуди чорчӯби қонқнӣ дар муҳимтарин заминаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.