Март 17, 2021 21:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол муомилоти тиҷорати хориҷии худро афзоиш дод
    Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол муомилоти тиҷорати хориҷии худро афзоиш дод

Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол муомилоти тиҷорати хориҷии худро, ки дар моҳи январ коҳиш ёфта буд, афзоиш дод.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар моҳи январ мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 наздик ба 40 дарсад коҳиш ёфта буд, ки ин мизон дар моҳи феврали имсол бо афзоиши беш аз 16 дарсадӣ то андозае ҷуброн шуд.

Дар ду моҳи нахусти имсол мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба як миллиарду 72 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 наздик ба 76 миллион доллар бештар аст.

Аз ин мизон 518 миллион доллар содирот аст, ки як сеюми онро сангҳои қиматбаҳо ва нимақимативу филизоти гаронбаҳо ташкил медиҳад.

Мақсади умдаи содироти Тоҷикистон дар ин муддат ба тартиб Швейтсария бо 67,8 дарсад, Туркия бо беш аз 9 дарсад, Қазоқистон бо наздик ба 9 дарсад, Узбакистон 2,7 дарсад, Чин бо 2,1 дарсад, Афғонистон бо 2 дарсад ва Русия бо 1,6 дарсад будааст.

Аммо воридот ба Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти имсол 554 миллион доллар эълом шудааст, ки бештарини ин колоҳои воридотӣ аз Русия, Қазоқистон, Чин, Узбакистон, Олмон, Туркия ва Эрон вориди Тоҷикистон шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп