Март 18, 2021 12:32 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон беҳбуди шароити зиндагии марзнишинон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон омили беҳтар шудани авзои марзӣ медонанд
    Коршиносон беҳбуди шароити зиндагии марзнишинон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон омили беҳтар шудани авзои марзӣ медонанд

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, ки танҳо роҳи ҳалли ихтилофот миёни минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони минтақаҳои наздимарзӣ мебошад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиё ( CABAR . asia ), Нодирбек Авазбеков бо ишора ба оғози даври ҷадиди музокироти мақомоти амниятии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва аломатгузории марзҳо гуфтааст, ки дар канори ин талошҳо бояд нақшаҳо барои беҳбуди вазъи зиндагии сокинони ин манотиқ таҳия кард. 

Вай таъкид мекунад: «Агар тарафҳо ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд, марз аломатгузорӣ ҳам шавад ва ҳатто сими хордор бикашанд бекорӣ,фақру ихтилоф бар сари манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ бояд мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барномаи ҷомеи эҷоди шуғл, коҳиши фақру рушди зерсохтҳои муҳимми ҳаётӣ дар манотиқи марзи муштараки ду кишварро тадвин ва иҷро кунанд. »  
  

Ҳамчунин Нодирбек Авазбеков рушди тиҷорати наздимарзиро омили муҳимме барои коҳиши ихтилофоту даргириҳо дар манотиқи марзии ду кишвар медонад.

Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон пушти дарҳои баста дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба раёсати генерал Саидмӯъмин Ятимов ва генерал Қомчибек Ташиев раисони комитетҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуда ва то 18 март идома хоҳад ёфт. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп