Март 18, 2021 22:05 Asia/Dushanbe
  • Тибқи гуфтаи ин мақоми беҳдоштии тоҷик дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба дунболи анҷоми иқдомоти лозим барои дарёфти ваксинаи зидди корона аз кишварҳои дигар аст .
    Тибқи гуфтаи ин мақоми беҳдоштии тоҷик дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба дунболи анҷоми иқдомоти лозим барои дарёфти ваксинаи зидди корона аз кишварҳои дигар аст .

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт : Аз дарёфти ваксинаи зидди коронаи Астра Зенека сарфи назар намекунем .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати тандурустии Тоҷикистон  Самариддин Алиев гуфт : Ин кишвар қасди инсироф аз дарёфти ваксина дар чорчӯби барномаи «Кавакс»-ро надорад .

  Бинобар суханони вай дар ҳоли ҳозир иқдомоти муқаддамотӣ барои оғози ваксинасия дар ин кишвар дар ҳоли иҷро аст, аммо замони дақиқи он маълум нест .

   Алиев афзуд : Мо пайгири авзоъи ваксина ( Астра Зенека ) ҳастем, тамоми мавориди таъсири ҷонибӣ сабт хоҳанд шуд ва афроди ваксинашуда таҳти назорати вазорати тандрустӣ қарор хоҳанд дошт .

   Вай гуфт : Қабл аз ҳама 20 дарсади ҷамъияти кишвар дар чорчӯби барномаи «Кавакс»  эм мешаванд . Дар маҷмӯъ дар чорчуби ин барнома ба Тоҷикистони 624 ҳазор дозаи ваксина ворид мешавад .

   Тибқи гуфтаи ин мақоми беҳдоштии тоҷик дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба дунболи анҷоми иқдомоти лозим барои дарёфти ваксинаи зидди корона аз кишварҳои дигар аст .

  Вай тасреҳ кард : Мо дар ҳоли музокира бо Чин ҳастем, иқдомоти лозим барои сабти номи ваксинаи русии Спунтик  ва ваксинаи чинӣ « Керновак» дар ҳоли иҷро аст .

   Бинобари суханони Алиев дар ин замина ба Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ ва бонки тавсеъаи Осиё кумак мекунанд .

   9 марти соли ҷорӣ аввалин маҳмулаи шомили 192 ҳазор дозаи ваксинаи Астра Зенекаи тавлиди Ҳиндустон дар чорчуби барномаи « Кавакс » вориди Тоҷикистон шуд .

 

    Бештар бихонед :