Эҷоди комиссияи ҳамкории тиҷориву иқтисодӣ - пешниҳоди Тоҷикистон ба Фаронса
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва сафири ҷадиди Фаронса дар ин кишвар бо якдигар дидор ва тавсеаи равобит байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Мишел Торон, сафири ҷадиди Фаронса дар ин кишвар мулоқот карданд.
Зокирзода дар ибтидои ин дидор оғози маъмурияти дипломатии сафири ҷадиди Фаронсаро табрик гуфт ва итминон дод, ибтикороти вай дар заминаи тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар аз ҳимояти муносиби Парлумони Тоҷикистон бархӯрдор хоҳанд буд.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард, Тоҷикистон ва Фаронса бояд талошҳои бештаре барои эҷоди созукори ҳамкории муассир дар қолаби як комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ ба харҷ диҳанд.
Зокирзода дар идома ҳамзамон баргузории ҳамоишҳои тиҷорӣ, мизи гирд ва намоишгоҳҳоро як иқдоми зарурӣ унвон кард ва гуфт: Ин амр метавонад ба фаъолсозии заминаҳои ҳамкории авлавиятдор ва умедворкунанда байни ду кишвар кумак кунад.
Тайи ин мулоқот ҳамчунин изҳор шуд, ки равобити байни ду кишвар ба суръат дар ҳоли тавсеа будаву мутамаркиз ба дурнамои баландмуддат аст.