Март 20, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ бо ирсоли паёме ба Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани ҷашни бостонии Наврӯзро табрик гуфт
    Ҳасани Рӯҳонӣ бо ирсоли паёме ба Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани ҷашни бостонии Наврӯзро табрик гуфт

Раиси ҷумҳӯри Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзи бостониро ба ҳамтои тоҷикаш ва мардуми ин кишвар табрик гуфт .

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯри исломии Эрон бо ирсоли паёме ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва мардуми ин кишвар фаро расидани ҷашни бостонии Наврӯзро табрик гуфт .

  Дар ӣн паём омадааст :  Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри муҳтарами ҷумҳӯрии Тоҷикистон

   Бо камоли шодмонӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, баҳори табиату оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсиро ба Шумо ва миллати бузурги Тоҷикистон табрик мегӯем.

  Баҳор ҳамчун наққоши забардаст бо нақшофаринӣ бар бӯми табиат,рӯҳи ҳаёту тозагиро дар дилу ҷони замин медамад ва нақши саросар таровату шукӯфоиро дар паҳноии кураи хокӣ мегустаранд ва Наврӯз-ин ойини пурмеҳру куҳан, ки илҳомбахши умед, шодмонӣ ва раҳоӣ аз ғаму андӯҳ аст, баҳонаест барои нав шудан, нав нигаристан ва зиндагии дубора .

   Умедворам  мо инсонҳо низ битавонем  ҳамчун табиат  бо нав шудани фасл баҳори тоза дар дилу ҷонамон эҷод кунем ва бо зудудани ғубори нотавониву сустӣ  мояи нишоти ҷону андеша ва саломатии танро фароҳам намоем .

    Дар соле ки гузашт  шоҳиди ҳамагирии вируси Ковид – 19 ва паёмади мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёди он дар саросари ҷаҳон будем . Умедворем дар соли ҷадид бо тааммулу ҳамкории беш аз пеш миёни кишварҳоямон ва бо назорату маҳви бемории корона, Наврӯз ба рӯзгори навин барои мардумонамон бадал шавад ва шодӣ, баракат, саломатӣ ва оромиш ба тамоми кишварҳои ҷаҳон боз гардад .

  Аз Худованди мутаъол саломатӣ ва муваффақияти он ҷанобу рӯзгори пурбаракат ва аҳволи некӯ барои мардуми Тоҷикистонро орзӯ дорам .

   Бештар бихонед :

Барчасп