Март 23, 2021 21:42 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми худ ибрози умедворӣ кард равобити Душанбеву Теҳрон густариш ёбад
    Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми худ ибрози умедворӣ кард равобити Душанбеву Теҳрон густариш ёбад

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтоии эронии худ иди Наврӯзро ба давлату миллати Эрон табрику шодбош гуфт ва барои мардуми Эрони амнияту осоиш, хушҳолӣ ва шукӯфоӣ орзӯ кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон омадааст : «Боиси хушнӯдӣ аст, ки ҷашни бостонии Наврӯз- мероси арзишманди ниёкони мо, имрӯза барои миллионҳо тан дар ақсои нуқоти ҷаҳон рамзи баҳор, бедории табиат дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар, оғози корҳои созандагӣ ва ҳусни ният мебошад . «

   Раҳмон ибрози итминон кардааст, ки бо такя бар суннатҳои ҷовидони Наврӯзи хуҷастапай ҳамкориҳои сӯдманди кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар масири тавсеъа дар оянда низ густариш ёфта ва бо мазмӯну муҳтавои тоза боз ҳам густариш хоҳад ёфт .

   Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми идонаи худ барои Рӯҳонӣ саломатии комил, саъодату комёбиҳои рӯзафзӯн ва ба мардуми дӯсти Эрон амнияту осоиш, хушҳолӣ ва шукӯфоӣ орзӯ намудааст .

  Пештар низ Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯри Эрон дар паёме иди Наврӯзи бостониро ба ҳамтои тоҷики худ табрик гуфта буд

 

   Бештар бихонед :

 

 

 

Барчасп