Гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ аз вазъияти фақр дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 26 Mar 2021 15:26:50 GMT )
Март 26, 2021 20:26 Asia/Dushanbe
  • Дар солҳои 2016 то 2019 фақр дар Тоҷикистон 5 дарсад коҳиш ёфт
    Дар солҳои 2016 то 2019 фақр дар Тоҷикистон 5 дарсад коҳиш ёфт

Бонки Ҷаҳонӣ таҷдиди назар дар шохисҳои таъйини фақр дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон ва истифода аз зарфиятҳои мавҷуд барои коҳиши ин падидаро хостор шуд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», бар асоси гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо унвони «Фақр ва сатҳи зиндагӣ дар соли 2020» мунташир шуда, дар соли гузашта ба далели густариши вируси корона ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, фақру бекорӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Ин гузориш ҳамчунин коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва гаронии маводи ғизоӣ дар соли 2020 -ро аз паёмадҳои густариши вируси корона дар Тоҷикистон баршумурда ва афзудааст: Бо талошҳои ҳукумат ва кумаки Бонки Ҷаҳонӣ барои коҳиши фақру иштиғолзоӣ, теъдоде аз коргарони бекоршуда дар Русия, ки ба кишвари худ бозгашта буданд, ба кор машғул шуданд.

Ҳамчунин бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар солҳои 2016 то 2019 фақр дар Тоҷикистон 5 дарсад коҳиш ёфтаву аз 31.3 дарсад ба 26.3 дарсад расидааст.

Аз ин рӯ, Бонки Ҷаҳонӣ муътақид аст, ки бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ сохти корхонаҳои ҷадиди тавлидӣ ва рушди тиҷорат, имкони коҳиши фақр дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед: