Боздошти Иззат Амон дар фурудгоҳи Душанбе
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амон дар фурудгоҳи Душанбе пас аз ихроҷи вай аз Русия хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, иттиҳоми вай кулоҳбардории молӣ унвон шудааст ва токунун ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил шудааст.
Дар баёнияи ин вазорат таъкид мешавад, ки Иззат Амон барои озод кардани бародари яке аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз ин фард маблағи 40 ҳазор рубл дарёфт кардааст, вале коре анҷом надодааст. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми кулоҳбардории молӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Додгоҳе дар Маскав Иззат Амон мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум ва ӯро аз ин кишвар ихроҷ кард.
Додгоҳи шаҳри Маскав эълом кард, ки Иззат Амон бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молии ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум шудааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳи Русия гузарномаи русии Иззат Амон лағв шудаасту вай ба зудӣ ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд.
Иззат Амон дониш омӯхтаи донишгоҳ ва Академияи улуми сиёсии вазорати умури хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 тобеъияти ин кишварро дарёфт кард ва аз соли 2000 дар Маскав зиндагӣ мекард.
Вай муддаӣ аст, ки дар ҳеч гурӯҳ ё созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон узвият надошта ва танҳо аз беамалии ниҳодҳои расмии ин кишвар дар дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик интиқод мекардааст.
Бештар бихонед: