Март 28, 2021 13:47 Asia/Dushanbe
  • Барқарории роҳҳои нави сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон
    Барқарории роҳҳои нави сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Роҳҳои нави сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон эҷод мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Комитети гардишгарии Тоҷикистон, роҳи нави гардишгарӣ бо номи " роҳрави  сабз " барои автобусҳое, ки байни Тоҷикистон ва Узбакистон тараддуд мекунанд эҷод мешавад, ин иқдом сабаби тавсеаи гардишгарӣ байни дукишвар хоҳад шуд. 

 

Бо ҳамин ҳадаф Фаррухрӯзи Иззатуллоҳзода раиси комитеи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон бо мудири тавсеаи  гардишгарии Узбекистон Санҷар Тавҳиф дидор кард. 

 Дар ин дидор намояндагони бахши гардишгарии ду кишвар ҳузур доштанд. 

 Дар ин гуфтугӯҳо тарафайн дар мавриди тавсеаи равобити байни пойтахтҳо ва иҷрои теъдоде аз нақшаҳои муштарак дар заминаи сайёҳӣ табодули назар карданд.   

 Дар музокирот тарафайн дар мавриди фурсатҳои нав барои ҷобаҷои бидуни монеъи шаҳрвандони байни шаҳрҳои манотиқи марзӣ гуфтугӯ карданд.  

 

Бештар бихонед:

Барчасп