Март 29, 2021 21:09 Asia/Dushanbe
  • Идораи ҳавошиносии Тоҷикистони сабаби афзоиши ҳаводиси табиӣ дар роҳҳои кӯҳистониро гарм шудани ҳаво ва об шудани яхҳо номид
    Идораи ҳавошиносии Тоҷикистони сабаби афзоиши ҳаводиси табиӣ дар роҳҳои кӯҳистониро гарм шудани ҳаво ва об шудани яхҳо номид

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз баста шудани роҳҳои иртиботии вилояти Бадахшон дар пайи фаромадани тармаву резиши кӯҳпораҳо дар аксар аз ноҳияҳои ин минтақа хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар баёнияи ин кумита таъкид мешавад, ки тайи шабонарӯзи ахир резиши тарма дар 21 минтақа ва 4 мавриди резиши кӯҳ ва 9 ҳодисаи ҷорӣ шудани сел сабт шуда, ки талафоти ҷонӣ надошта ва акнун хадамоти роҳдорӣ кори бозкушоии ин масирҳоро оғоз кардааст.

Тамомии ин ҳодисаҳо дар роҳҳои иртиботии ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб рух дода, ки муҷиби баста шудани теъдоде аз масирҳои иртиботӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз сокинони вилояти Бадахшон хостааст, ки ба далели афзоиши ҳаводиси табиӣ аз сафар, шикор ва бурдани ҳайвоноти хонагӣ ба чарогоҳҳо худдорӣ кунанд ва ронандагон низ бо тавваҷуҳ ба эҳтимоли резиши тарма ва кӯҳпораҳо беҳтар аст ки ба сафар нараванд.

Аз сӯйи дигар, ба далели туғёни рӯдхонаҳои Яхсӯ ва Сурхоб 250 сокини деҳаи Гултеппаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба макони амн кӯчонида шудаанд.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон сабаби афзоиши ҳаводиси табиӣ дар роҳҳои кӯҳистонии кишварро гарм шудани ҳаво ва об шудани яхҳо унвон кардааст.

 

Бештар бихонед: