Октябр 22, 2016 09:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ноогоҳона вориди Иттиҳоди Авруосиё нахоҳад шуд

Сафири Тоҷикистон дар Беларусия зимни такзиби хабари вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфт, ин кишвар ноогоҳона вориди ҳар созмону иттиҳоде нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларусия дар мусоҳиба бо рӯзномаи "БелТа" гуфтааст, Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳоли баррасии мавзӯи вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст ва ахбор дар бораи Тоҷикистон узвият дар он дурӯғ аст. Сафири Тоҷикистон дар Белорусия афзуд, дар сурати вуруди Душанбе ба Иттиҳоди Авруосиё тарофаҳои гумрукӣ лағв хоҳад шуд, ки ин мавзӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон зарба хоҳад зад.

Ба гуфтаи Қоимдодов барои узвият дар созмонҳои иқтисодӣ ҳар кишваре бояд дорои пуштвонаи сармояи боэътимоде бошад, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ Тоҷикистон аз он бебаҳра аст. Қоимдодов гуфтааст, тасмим дар хусуси ниҳоӣ шудани узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба баргузор шудани ҷаласоти зиёде барои баррасии фоида ва зарари эҳтимолии он бастагӣ хоҳад дошт.

Чанде пеш яке аз аъзои Думаи давлатии Русия гуфта буд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба тавсеаи иқтисоди ин кишвар ва аз байн рафтани мушкилоти муҳоҷирати шаҳрвандони он кӯмак мекунад.