Март 30, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи як рӯҳонии тоҷик аз Русия пас аз 23 соли иқомат
    Ихроҷи як рӯҳонии тоҷик аз Русия пас аз 23 соли иқомат

Мақомоти қазоии Русия як рӯҳонии мусулмони тоҷик Саид Нуриддин Раззоқовро пас аз 23 соли иқомат дар ин кишвар ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТиҷи, наздикони Саид Нуриддин Раззоқов гуфтаанд, ки мақомоти қазоии вилояти Свердловски  Русия бо лағви тобеъияти вай ин рӯҳонии тоҷикроа ихроҷ кардаанд.

Онон мӯътақиданд, ки  ин иқдом ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон анҷом шудааст, ки Саид Нуриддинро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи худ дар кишвари мамнӯи салафия муттаҳам мекунанд.

Манобеи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабари истирдоди ин рӯҳонии тоҷикро таъйид карда ва гуфтаанд, ки парвандаи Саид Нуриддин Раззоқовро кормандони Комитети давлатии амнияти миллии ин кишвар баррасӣ мекунанд. 

Муҳаммад Раззоқов писари ин рӯҳонии тоҷик иддао мекунад, ки падараш ҳеч иртиботе бо гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла салафия надошт ва замоне, ки чанд сол дар яке аз масҷидҳои вилояти Свердловски Русия имом буд, дар бораи парҳез аз дунёпарастӣ ва тазкияи нафс мавъиза мекард. 

Ин дарҳолест, ки чанд рӯзи қабл додгоҳи шаҳри Маскав гузарномаи русии Иззати Амон мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикро лағв ва вайро ба Тоҷикистон истирдод кард.

Барчасп