Дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Tue, 30 Mar 2021 16:08:16 GMT )
Март 30, 2021 21:08 Asia/Dushanbe
  • Тарафайн нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар густариши муносибот муҳим арзёбӣ карданд
    Тарафайн нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар густариши муносибот муҳим арзёбӣ карданд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор кард.

Дар ҳошияи нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё - раванди Истанбул” Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.

Тарафайн дар ин мулоқот ба аҳамияти тавсеаи равобити ду ҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ишора карданд.

Роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба вижа тақвияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон, ҳамчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ дар ин дидор баррасӣ шуд.

Тарафайн нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар густариши муносиботи бахшҳои мухталиф муҳим арзёбӣ карданд.

Илова бар ин, ду тараф дар бораи иҷрои комили тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтугӯ карданд.

 

Бештар бихонед: