Вазири хориҷаи Тоҷикистон: Фирдавсӣ мояи ифтихори ҳамаи форсизабонон аст
Порс тудей - Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар 28-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ба Эрон сафар кардааст, аз оромгоҳи Фирдавсӣ, шоири барҷастаи эронӣ боздид кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар боздид аз оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар Машҳади Эрон изҳор дошт: «Фирдавсӣ бо “Шоҳнома”-и худ фарҳанги азиму таърихи ғаниро ба мо муаррифӣ мекунад.»
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИСНА, Муҳриддин афзуд: Тамаддуни форсизабонон дар ҷаҳон мунҳасир ба фард аст, бавижа дар давроне, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро сурӯд, бисёре аз кишварҳо ҳануз вуҷӯд надоштанд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дафтари ёдбуди оромгоҳи Фирдавсӣ ба хати форсӣ навишт: «Барои ман саодати бузурге аст, ки ба зиёрати мақбараи Фирдавсии бузург ноил шудам. Фирдавсӣ, холиқи “Шоҳнома” ва мояи ифтихори ҳамаи форсизабонон аст. Вазифаи мо посдорӣ аз “Шоҳнома” ва мақоми холиқи он аст.»
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири бузурги Эрон дар соли 1020 - 940 дар шаҳри Тус, шимоли шарқи Эрон ба дунё омад.
Ҳаким Фирдавсӣ дар умри 80 солаи худ, табъу завқи шоирӣ ва шӯру дилбастагии ӯ бар зинда кардани мафохири миллии Эронзамин, боиси ба вуҷуд омадани шоҳкоре бузург ба номи “Шоҳнома” шуд.
“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки наздик ба 5 ҳазор байт дорад, маҷмӯъае аз достонҳои миллӣ ва таърихи бостонии подшоҳони қадиму паҳлавонони бузурги Эрон аст, ки корҳои паҳлавонии онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу зафару мардонагӣ ва шуҷоату диндорӣ тавсиф мекунад.