Март 30, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Омодаи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар қолаби як барномаи амалӣ ҳастем

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамкориҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон нақши босазое дар эҷоди ҳамгароӣ ва субот дар минтақа дорад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар дидори сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе, зимни баршумурдани аҳамияти ҳамкориҳои се кишвар дар эҷоди ҳамгароӣ ва субот дар минтақа, омодагии Эрон барои оғози ҳамкориҳои фарҳангӣ дар қолаби як барномаи амалиро эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ зимни ибрози эҳтиром ба фарҳанги ғании Эрон, иштирокоти фарҳангии се кишвари Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистонро намунаи аълои ҳамгароии минтақаӣ донист ва бо ёдоварии ойини бостонии Наврӯз, пешниҳоди таърифи барномаҳои муштараки фарҳангӣ байни се кишварро ироа кард.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон ҳам бо арзишманд донистани дидгоҳҳои муштарак дар мавзӯоти минтақаӣ эъломи омодагӣ кард то ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии се кишварро бар асоси барномаи амалии воҳид пайгирӣ кунад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп