Октябр 22, 2016 11:18 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тавлиди арзиз дар Тоҷикистон

Ягона корхонаи арзиз дар Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши тавлиди маҳсулоти худ наметавонд барномаи таъйиншудаашро барои имсол иҷро кунад.

Ба гузориши сойти "Азиа плюс" дар 9 моҳи гузашта дар ин корхона наздик ба 103 ҳазор тонна арзиз тавлид шудааст, ки 3 ҳазор тонна аз давраи мушобеҳи соли қабл бештар аст.  Бо ин ҳол, ба иллати коҳиш қимати алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва зиёд будани қарзи "ТалКо" аз Ширкати "Барқи тоҷик" ин корхона ба эҳтимоли зиёд имсол барномаи давлатӣ барои тавлиди 158 ҳазор тонна маҳсулро иҷро нахоҳад кард. Аз ин рӯ, мудирияти "ТалКо"-и Тоҷикистон эълом кардааст, ки тавлиди алюминийро коҳиш хоҳад дод, ки ба маънии мураххас кардани теъдоде аз коргарон аст.

Корхонаи арзизи Тоҷикистон аз зарфияти тавлиди 500 ҳазор тонна маҳсулот дар сол бархӯрдор аст, ки солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлиди беш аз 100 ҳазор тонна арзиз шудааст.

Қатъи гази содиротии Узбакистон, коҳиши қимати арзиз дар бозори ҷаҳонӣ ва камбуди маводи аввалия ҳамроҳ бо қарзи физояндаи барқ мӯҷиби коҳиши тавлиди маҳсулот дар ин корхона шудааст. Ин дар ҳолест, ки қимати ҳар киловат/соат барқи масрафӣ дар ин корхона нисбат ба бахши хонагӣ беш аз 10 дарсад арзонтар аст.