Апрел 01, 2021 21:11 Asia/Dushanbe
  • Дар ин санад ба талошҳои кишварҳои узви СҲШ барои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм баҳои баланд дода шудааст
    Дар ин санад ба талошҳои кишварҳои узви СҲШ барои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм баҳои баланд дода шудааст

Маҷмаи умумии Созмони Милал қатъномаи ҳамкории мутақобили Созмони Милал ва Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки мақомоти Тоҷикистон онро таҳия карданд, тасвиб кард.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин санад, ки дар вебсайти раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020 - 2021 мунташир шудааст, омадааст: Дар таърихи 25 марти соли 2021 дар 75 -умин нишасти Маҷмаи умумии СММ, дар 58 - умини иҷлос қатъномаи шумораи 75/69 дар мавриди “Ҳамкории СММ ва СҲШ” ба иттифоқи оро тасвиб шуд.

Пешнависи санадро Тоҷикистон таҳия карда, ки дар солҳои 2020 - 2021 раёсати СҲШ -ро бар ӯҳда дорад. Нависандагони муштараки ин қатънома шомили ҳамаи кишварҳои узви СҲШ ва ҳамчунин Беларус, Камбоҷа,  Костарика ва ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд.

Дар матни ин санад Маҷмаи умумии СММ нақши СҲШ дар тақвияти сулҳу амниятро муҳим арзёбӣ кардааст.

Ба таври хос ишора шуд, ки СҲШ ба муҳимтарин созмони минтақаӣ табдил шудааст, ки ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои байналмилалӣ ва масоили амниятии минтақаро баррасӣ мекунад.

Дар ин пешнавис тавваҷуҳи вижа ба мушорикати кишварҳои узви СҲШ дар дастёбӣ ба аҳдофи таъйиншуда дар дастури кори тавсеаи пойдор то соли 2030 мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.

Ин қатънома бар тааҳҳуди кишварҳои узви СҲШ барои таъмини ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофоти минтақаӣ мутобиқ бо фасли ҳаштуми маншури СММ таъкид дорад.

Дар ин санад ба талошҳои кишварҳои узви СҲШ барои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм баҳои баланд дода шудааст.

Ҳамкории фаъоли СҲШ ва идораи иҷроии кумитаи мубориза бо терроризм дар чорчӯби тафоҳумномаи ҳамкории байни ду сохтор, ки дар 25 марти 2019 имзо шуд, мавриди таъкид қарор гирифт.

 

Бештар бихонед: