Апрел 01, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон бо вазири маорифи Украина дидор карданд
    Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон бо вазири маорифи Украина дидор карданд

Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон бо вазири маорифи Украина дидор карданд.

Ба гузориши маҷлиси Тоҷикистон, Насиба Содиқӣ, раиси кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Шарифҷон Ҳакимзода, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон ва Сурайё Уроқова, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сергей Шкарлет, вазири маорифи Украина дидор карданд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб ба хабарнигори “Ховар” гуфт: Дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи равобити дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Украина баҳсу баррасӣ шуд.

Вай афзуд: Дар мулоқот ба сатҳи болои ҳамкорӣ ва мушорикат байни Тоҷикистону Украин дар тамоми арсаҳо ишора шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси тавофуқномаи дуҷонибаи имзошуда байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Украина, ҳудуди 150 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунанд. Бар асоси ин тавофуқнома Украина солона 20 бурсияи давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисоти омӯзиши олии Украина ихтисос медиҳад.

 

Бештар бихонед: