Сафари раиси Маҷлиси милии ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон
Апрел 01, 2021 21:22 Asia/Dushanbe
Раиси Парламенти ҷумҳурии Корея вориди Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Пак Бён Сок, раиси Парламенти ҷумҳурии Корея вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.
Дар Фурӯдгоҳи Байналмилалии Душанбе Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар умури ҳамоҳангӣ аз раиси Парламенти Корея истиқбол кард.
Қарор аст раиси Маҷлиси миллии Корея дар ин сафар бо теъдоде аз мақомоти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон дидор кунад.
Бештар бихонед:
- Дидори раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафири Русия дар Душанбе
-
Ҳимояти вазири дифои Тоҷикистон аз қонуни ҷадиди хариди хизмати сарбозӣ