Апрел 02, 2021 19:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаи 70-сола, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, аз чанд беморӣ ранҷ мебарад
    Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаи 70-сола, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, аз чанд беморӣ ранҷ мебарад

Ҳамсари Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода узви зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аз интиқоли вай ба бемористони зиндони ноҳияи Ваҳдат хабар додааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пресса pressa, хонум Фароғат Сангинова эълом кардааст,  ки ҳамсараш Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз бемории дил ранҷ мебарад ва ба далели бад шудани ҳолаш акнун ба бемористони зиндони ноҳияи Ваҳдат мунтақил шудааст. 

Вай таъкид кардааст, ки маъмулан рӯзҳои ҷумъа ба ҳамсараш иҷозат медоданд, ки ба муддати як дақиқа бо хонаводааш телефонӣ сӯҳбат кунад, аммо ин ҳафта тамосе барқарор нашуд  ва замоне, ки ӯ ба зиндони Ваҳдат рафта ва далели тамос нагирифтани ҳамсарашро савол кардааст ба вай гуфтаанд, ки Сайфуллозода ба иллати бад шудани ҳолаш акнун дар бемористони ин зиндон бистарӣ мебошад.

 Ҳамчунин ба ҳамсари Сайфуллозода эълом кардаанд, ки пас аз анҷоми озмоишҳо шояд барои ҷарроҳии қалби вай тасмимгирӣ шавад. 

Маъмурони зиндони Ваҳдат дар тамоси расонаҳои хабарӣ мавзӯи бемории Сайфуллозодаи 70- соларо таъйид карда, аммо аз додани тафсилоти бештаре худдорӣ кардаанд. 

Ҳикматуллоҳ сайфуллозода узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар чорчӯби парвандаи кудетои генерал Ҳоҷӣ Ҳалим назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба иттиҳоми иртиботи Ҳизби наҳзат бо ин моҷаро ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. 

Иттиҳоми ҳамкорӣ дар кудеторо масъулони Ҳизби мамнӯъ шудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора рад кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп