Ифтитоҳи китобхонаи адиби номдори тоҷик
(last modified Sun, 04 Apr 2021 15:33:14 GMT )
Апрел 04, 2021 20:33 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи китобхонаи адиби номдори тоҷик
    Ифтитоҳи китобхонаи адиби номдори тоҷик

Китобхонаи адиби машҳури тоҷик пас аз бозсозӣ ифтитоҳ шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати улум ва маорифи Тоҷикистон ганҷинаи китоби Шарифҷони Ҳусаейнзода адиб ва луғатшиноси машҳури тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кушоиш ёфт. 

Дар ин маросим вазири улум Муҳамадюсуф Имомзода, раиси иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушбахтзода ҳузур доштанд.

 

Раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин маросим гуфт: Ин китобхона ҳадяи шоиста ба донишмандону нависандагони кишвар аст.

 Хушбахтзода илова кард: Довталабони ширкат дар мусобиқаи миллии "фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"  низ метавонанд аз манобеи ин китобхона истифода кунанд.

Шарифҷон Ҳусейнзода 12 апрели 1907 дар шаҳри Конибодом мутаваллид шуд. 

Вай соли 1935 Донишкадаи адабиёти Тошкандро хатм карда, соли 1940 ба Душанбе омад ва то соли 1947 ҳамчун муаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии таълимии Душанбе кор кард.

Аз соли 1947 ӯ директори Институти забон, адабиёт, таърих ва бостоншиносии Бунёди Тоҷикистони Академияи илмҳои Шӯравӣ таъин шуд ва дар он ҷо ҳамчун забоншинос, суханвар ва муаллим дар Тоҷикистон эътибори калон пайдо кард.

Ҳамчунин ӯ яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон буд.

 

Бештар бихонед: