Октябр 22, 2016 12:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии энержиҳои таҷдидпазир дар Душанбе

Ҳамоиши дурӯзаи байналмилалии энержиҳои таҷдидпазир дар Душанбе ба кори худ поён дод.

Ба гузориши аз сойти "Авесто", дар ин ҳамоиш намояндагони вазоратҳо, созмонҳои давлатӣ дар умури энергетика, коршиносону мутахассисон аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико, сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат ва дидгоҳи худро дар бораи зарурати истифода аз энержиҳои таҷдидпазир, зарфияту имконоти мавриди ниёз барои тавсеаи ин навъи энержӣ баён карданд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз зарфияти болое барои истифода аз навъи энержии таҷдидпазир бархурдоранд, аммо ба далели зиёд будани ҳазина ва мушкилоти молӣ дар кишварҳои ин минтақа ҳанӯз ҳам аз ин зарфият истифода намешавад.

Ин нишасти байналамилалӣ бо ибтикори Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар Тоҷикистон ба рағми бархурдорӣ аз рӯзҳои зиёди офтобӣ ва вуҷуди манотиқи кӯҳистонӣ бо бодҳои шадид, ки барои тавлиди барқи мавриди ниёзи ин кишвар муносиб аст, истифода аз ин гуна энержиҳо ночиз аст.