Апрел 06, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, ки тазриқи ин ваксина ройгон ва ихтиёрист
    Гуфта мешавад, ки тазриқи ин ваксина ройгон ва ихтиёрист

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тазриқи ваксинаи АстраЗенека / Оксфорд ба 26 ҳазору 300 корманди бахши дармони ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, тазриқи ин ваксина аз рӯзи 23 март оғоз шуда ва бояд ду доза ба ҳар нафар ихтисос ёбад, ки марҳалаи дувуми он пас аз думоҳ хоҳад буд.

Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза аз ин ваксинаро дарёфт кардааст, ки кадри дармонӣ, муаллимону афроди солхӯрда дар авлавияти тазриқи он қарор доранд. 

Гуфта мешавад, ки тазриқи ин ваксина ройгон ва довталабона аст.

Аз сӯи дигар Абдулхалил Халқзода, мудири Бемористони хусусии Ибни Сино дар Душанбе, ки барои тазриқи кормандони ин марказ 100 доза ваксинаи АстраЗенека / Оксфорд гирифтааст, мегӯяд: Бо таваҷҷӯҳ ба таваққуфи тазриқи ин ваксина дар кишварҳои аврупоӣ ба далели мушоҳидаи мавридҳои ҷиддии лахтагии хун пас аз тазриқ, беҳтар аст, ки дар тазриқи он шитоб нашавад, зеро таъсири манфии ин ваксина ҳанӯз бартараф карда нашудааст. 

Ин дарҳолест, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Мэрилин Йосефсон   мегӯяд, ки 624 ҳазор дозаи дигар аз ваксинаи АстраЗенека /  оксфорд дар чорчӯби барномаи Квакс, моҳи майи имсол ба Тоҷикистон мунтақил мешавад. 

Дар маҷмӯъ қарор аст дар Тоҷикистон як миллиону 800 ҳазор нафар аз ҷамъияти наздик ба 10 миллион нафарии ин кишвар ваксинаи корона дарёфт кунанд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп