Баргузории намоишгоҳи саломат бо ҳузури ширкатҳои донишбунён дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ.) Теҳрон
(last modified 2023-03-01T07:19:34+00:00 )
Март 01, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи саломат бо ҳузури ширкатҳои донишбунён дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ.) Теҳрон

Нахустин намоишгоҳи саломатбунён дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ.) Теҳрон, бо арзаи ҷадидтарин дастовардҳои пизишкии Эрон баргузор шуд.

80 ширкати донишбунёни эронӣ, ба муддати ду рӯз (27 ва 28 феврал 2023) дар нахустин намоишгоҳи маҳсулоти донишбунёни ҳавзаи ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ҳузури фаъол доштанд.

Ширкатҳои донишбунён нақши муҳимме дар таъмини ниёзҳои асосии Эрон дар бахши саломат доранд ва дар авҷи бемории карона, ин ширкатҳо маҳсулоти пизишкӣ ва доварҳои мавриди ниёз барои дармони ин бемориро бумисозӣ карданд.

Намоиши тавонмандиҳои саломатбунён, ҳадафи аслии намоишгоҳи маҳсулоти донишбунёни ҳавзаи ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ будааст.

 

Барчасп