Даъват аз ширкатҳои байналмилалии бозрасии молӣ барои ҳамкорӣ бо нерӯгоҳ
-
Маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Рагун аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таъмин мешавад
Роҳбарияти нерӯгоҳи Роғун, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад, хостори ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои байналмилалӣ ҳастанд, ки барои санҷиши фаъолияти молиявии ин нерӯгоҳ кор мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, ҷамъияти саҳҳомии ин нерӯгоҳ эълом кардааст, ки ширкатҳо ва муассисоти молии байналмилалӣ метавонанд дархости худро дар ин замина то рӯзи 9 апрел ба мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ирсол кунанд.
Ин иқдом ба манзури дақиқ кардани мудирияти нерӯгоҳи Рагун дар заминаи масрафи манобеъе, ки аз буҷаи давлати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ ҷудо шудааст, равона шудааст.
Манобеи молии мавриди ниёз барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ аз ҳисоби буҷети ҳукумати Тоҷикистон таъмин мешавад ва имсол низ ба ин манзур 186 миллион доллар аз буҷети ҳукумат ихтисос дода шудааст.
Дар соли 2020 барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ ду миллиарду 100 миллион сомонӣ ( 203 миллион ва 400 ҳзордлор ) ҳазина шуд.
Нерӯгоҳи Роғун бо сарбанди хокиаш 335 метр ва иқтидораш 17 миллиард киловатт соат дар як сол бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказист.
Гуфта мешавад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ соли 2033 ба итмом мерасад.
Бештар бихонед: