Апрел 07, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон маҳсулоти муштарак бо Беларусро, ки барои ворид шудан ба бозор омодаанд, эълон мекунад.
    Тоҷикистон маҳсулоти муштарак бо Беларусро, ки барои ворид шудан ба бозор омодаанд, эълон мекунад.

Масъулони иқтисоди Тоҷикистон ва Белорус эълом карданд барои вуруд ба бозори Афғонистон омодагии комил доранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷи,  раиси Комитети давлатии мудирияти амволу сармоягузории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода пас аз баргузории чаҳордаҳумини нишасти камиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Беларус ва сеюмин ҳамоиши муштараки бахши хусусии ин ду кишвар бо Афғонистон дар шаҳри Душанбе эълом кард, ки маҳсулоти сохти Беларус ва Тоҷикистон омодаи вуруд ба бозори Афғонистон аст. 

  
Вай бо ишора ба фаъолияти корхонаи сохти тракторҳои Беларус дар шаҳраки Ҳисори Тоҷикистон гуфт: «Дар ин корхона акнун тавлиди 70 дарсад аз қатаоти мавриди ниёз барои сохти тракторҳои Беларус роҳандозӣ шудааст, ки тайи ду соли фаъолияти ин марказ дастоварди муҳимме ба ҳисоб меояд.»

Аз сӯи дигар тавлиди комбайн барои кишоварзон низ дар ин корхона дар соли 2020 оғоз шуд. 

Мақомоти Беларус омодагии худро барои фурӯши мошинҳои кишоварзӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дору ба Тоҷикистон ва Афғонистон эълом карданд.

Бахшҳои хусусии Тоҷикистону Афғонистон низ аз имкони содироти меваи хушк, нахи пунба ва сангҳои гаронбаҳо ба Беларус хабар додаанд. 

Гуфта мешавад, ки муомилоти тиҷории Тоҷикистону Беларус дар соли 2020 ба 54 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 афзоиши ду баробариро нишон медиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп