Апрел 07, 2021 19:53 Asia/Dushanbe
  • Дар ин дидор мавзӯи ихтилофоти марзӣ ва таъйини марзҳо бо ҷиддият дунбол шуд
    Дар ин дидор мавзӯи ихтилофоти марзӣ ва таъйини марзҳо бо ҷиддият дунбол шуд

Пас аз даргириҳои лафзии ахир байни мақомоти аршади Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари ду минтақаи марзӣ, вазирони умури дохилии ду кишвар имрӯз бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Улан Ниёзбеков, ҳамтои қирғизистониаш дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар фазое дӯстона бо якдигар дидор ва дар бораи масоили байни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Раҳимзода ва Ниёзбеков бар идомаи талошҳои муштарак барои кумак ба барқарории амният ва субот дар манотиқи марзии Суғд ва Ботканд таъкид карданд.

Дар ин дидор, ки раисони идороти марзбонии ду кишвар низ ҳузур доштанд, мавзӯи ихтилофоти марзӣ ва таъйини хутути марзӣ бо ҷиддият дунбол шуд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои фаромарзӣ аз дигар мавзӯоти ин дидор буд.

Дар рӯзҳои ахир овозаи вогузории минтақаи 30 ҳазорнафарии Ворух дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканди ин кишвар ба ҷидоли лафзии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон ва генерал Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон анҷомид ва мавзуъ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии минтақа низ кашида шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп