Апрел 07, 2021 20:52 Asia/Dushanbe
  • Билети парвоз дар масири Душанбе ба Маскав то охирҳои моҳи апрел пешфурӯш шудааст
    Билети парвоз дар масири Душанбе ба Маскав то охирҳои моҳи апрел пешфурӯш шудааст

Масъулони ширкати ҳавопаймоии “Сомон –Эйр” қимати дақиқи билети ҳавопаймо дар парвозҳои Душанбе ба Маскавро эълом карданд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, қимати билет барои ҳар мусофир дар парвози ҳафтаии рӯзҳои сешанбе дар масири Душанбе ба Маскав 300 евро (муодили 4 ҳазору 50 сомонӣ) ва дар масири баргашт ба далели кам будани мусофир 130 евро (муодили ҳазору 794 сомонӣ) таъйин шудааст.

Ҳамчунин дар ин парвозҳо ҳамроҳ доштани нусхаи роёнаии гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковид - 19 бо 72 соат эътибор ба забони русӣ, моск ва дасткаш илзомӣ аст.

Ба гуфтаи масъулони ширкати “Сомон –Эйр” дар сурати ҳар навъ тахаллуф аз ин муқаррарот паёмадҳои он бар ӯҳдаи мусофирон хоҳад буд.

Бар асоси тавофуқи Русия ва Тоҷикистон, парвозҳои муназзами ҳафтагӣ миёни Душанбе ва Маскавро ду ширкати тоҷикистонии “Сомон –Эйр” ва русии “ЮтЭйр” анҷом медиҳанд.

Пеш аз ин созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон эълом карда буд, ки билети парвоз дар масири Душанбе ба Маскав то авохири моҳи аврел пешфурӯш шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп