Камбуди манобеъ сохти як мактабро дар Тоҷикистон ба 12 сол кашонд
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди манобеи молиро далели ба дарозо кашидани сохти як мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи ин кишвар эълом кардааст.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба матлаби мунташиршуда дар ин хабаргузорӣ, ки чаро 12 сол аст сохти як мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод ба поён намерасад, сабаби ин таъхирро камбуди манобеи молӣ хондааст.
Дар посухи ин вазоратхона таъкид шудааст: Сохт ин мактаб барои 640 донишомӯз дар соли 2009 оғоз шудааст ва имсол барои идомаи сохти он 700 ҳазор сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.
Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои 7 мактаб фарсуда шуда ва дар вазъи номуносибе аст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба дунболи пайдо кардани манобеи молӣ барои бозсозии ин марокизи омӯзишӣ аст.
Ба ин манзур музокира бо мақомоти Сандуқи рушди Қатар барои ҷазби сармояи ин ниҳоди молӣ ва бозсозии ин мактабҳо идома дорад.
Бештар бихонед:
- Сохт ду мактаб дар Тоҷикистон бо кумаки Ҷопон
- Оғози сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз тобистони оянда