Апрел 07, 2021 21:09 Asia/Dushanbe
  • Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои 7 мактаби фарсуда шуда ва дар вазъи номуносибе аст
    Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои 7 мактаби фарсуда шуда ва дар вазъи номуносибе аст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди манобеи молиро далели ба дарозо кашидани сохти як мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи ин кишвар эълом кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба матлаби мунташиршуда дар ин хабаргузорӣ, ки чаро 12 сол аст сохти як мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод ба поён намерасад, сабаби ин таъхирро камбуди манобеи молӣ хондааст.

Дар посухи ин вазоратхона таъкид шудааст: Сохт ин мактаб барои 640 донишомӯз дар соли 2009 оғоз шудааст ва имсол барои идомаи сохти он 700 ҳазор сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои 7 мактаб фарсуда шуда ва дар вазъи номуносибе аст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба дунболи пайдо кардани манобеи молӣ барои бозсозии ин марокизи омӯзишӣ аст.

Ба ин манзур музокира бо мақомоти Сандуқи рушди Қатар барои ҷазби сармояи ин ниҳоди молӣ ва бозсозии ин мактабҳо идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп