Тасвиби кумаки Бонки Рушди Осиё барои мудирияти оби рӯдхонаи марзии Панҷ
(last modified Wed, 07 Apr 2021 16:20:00 GMT )
Апрел 07, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Бонки Рушди Осиё барои канали обёрии Чубак дар ноҳияи Ҳамадонии Хатлон истифода хоҳад шуд
    Кумаки Бонки Рушди Осиё барои канали обёрии Чубак дар ноҳияи Ҳамадонии Хатлон истифода хоҳад шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи ҷудо кардани кумаки молии 15 миллиондолларии ройгони Бонки Рушди Осиёро барои мудирияти оби рӯдхонаи марзии Панҷ тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ин манобеи молӣ барои беҳбуди истифода аз канали обёрии Чубак дар ноҳияи марзии Ҳамадони вилояти Хатлон истифода хоҳад шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода афзуд: Таҷҳизоти ин канал куҳнаву фарсуда шуда ва ниёз ба бозсозии асосӣ дорад, ки бо кумаки молии 15 миллиондолларии ройгони Бонки Рушди Осиё бозсозӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, насби таҷҳизоти ҷадид имкон медиҳад, ки ҳаҷми об дар фаслҳои зимистону тобистон дар рӯдхонаи марзии Панҷ бо Афғонистон контрол ва тақсими об барои заминҳои таҳти кишт дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ мудирият шавад.

 

Бештар бихонед: