Боздошти ду нафар дар Душанбе ба иттиҳоми гаронфурӯшии билети ҳавопаймо
Идораи полиси шаҳри Душанбе аз боздошти хазинадори яке аз ширкатҳои хадамоти ҳавоӣ ва як нафари дигар ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар гаронфурӯшии билети парвозҳои Тоҷикистон ва Русия хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Саховат Қодирова, сандуқдори яке аз ширкатҳои хадамоти ҳавоӣ ва Нуриддин Шарифов, сокини 56 солаи ноҳияи Ваҳдат бо созиши пешакӣ билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ва Маскавро ба қимати хеле гаронтар аз нархи мусавваби Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон фурӯхтаанд.
Дар пайи шикояти мутақозиёни билети парвоз ба Русия ин ду нафар ба иттиҳом қаллобӣ ва фиреби мардум боздошт шуданд.
Бо ин ҳол Саховат Қодирова ба иллати доштани кӯдаки хурдсол ба шарти хориҷ нашудан аз маҳалли сукунаташ ба таври муваққат озод ва воситаи ин муомилот Нуриддин Шарифов ба боздоштгоҳ мунтақил шудааст.
Чанд рӯз қабл Икром Субҳонзода, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ба намояндагони ду ширкати “Сомон –Эйр” ва “ЮтЭйр” дар бораи гаронфурӯшии билет дар парвозҳои масири Душанбе - Маскав ҳушдор дода буд.
Субҳонзода ҳушдор дода буд, ки аз ин пас қимати билети парвозҳо таҳти назорати кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хоҳад буд ва гаронфурӯшон муҷозот хоҳанд шуд.
Бештар бихонед:
- Гаронфурӯшии билет дар парвозҳои Душанбе – Маскав
- Дувумин парвози муназзам миёни Душанбе ва Маскав бо таъхир анҷом шуд
- Беназмӣ дар нахустин парвози "муназзам" миёни Душанбе ва Маскав