Апрел 10, 2021 11:20 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон тасмими поёни  карантина дар Тоҷикистонро тасмими дуруст унвон кард
    Эмомалӣ Раҳмон тасмими поёни карантина дар Тоҷикистонро тасмими дуруст унвон кард

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон эълом кард, ки тасмим дар бораи поёни карантина дар кишвар дуруст буд ва баъзеи кишварҳо аз Тоҷикистон нобудии коронаро меомӯзанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара гуфт : «Идомаи карантинаи саросарӣ муҷиби буҳрони камбуди ғизо дар Тоҷикистон ба далели коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ мешуд ва тасмим гирифта шуд, ки маҳдудиятҳо поён ёбад . »

  Раҳмон таъкид кард ба далели сафед шудани авзоъи коронаӣ дар Тоҷикистон, тасмими поёни карантина иқдоми саривақтӣ ва дуруст буд .

  Вай таъкид кард, ки бархе кишварҳо дар ҳоли омӯзиши таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон дар заминаи нобудии бемории Ковид 19 мебошанд .

    Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба кишвари мушаххасе ишора накард .

    Вай муътақид аст, ки дар ҷаҳон акнун бемории корона ранги сиёсӣ ба худ гирифтааст, вале аксари кишварҳо дар бораи бемориҳои дигар, назири СПИД сукут ихтиёр кардаанд .

    Ба гуфтаи оқои Раҳмон аз аввали январи имсол ҳеч мавриди нави бемории Ковид 19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, вале мардум бояд ба тавсияҳои беҳдоштӣ ҳамчунон пойбанд бошанд .

  Бар асоси омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 13 ҳазору 308 нафар дар ин кишвар ба Ковид 19 гирифтор  шуда ва 90 тан ҷони худро аз даст додаанд .

    

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп