Апрел 11, 2021 14:20 Asia/Dushanbe
  • Чаро бештари тоҷикистониҳо довталаби кор дар Русия ҳастанд?

Шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор дар як назарсанҷӣ далели издиҳом барои хариди билети ҳавопаймо ва сафар ба Маскавро муносиб будани маошҳо ва дастмуздҳо дар Русия унвон карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, пас аз оғози парвозҳои муназзами ҳафтагии ширкатҳои " Сомон эйр " –и Тоҷикистон ва " Ют эйр "-и Русия дар масири Душанбе ба Маскав акнун марказҳои хадамоти ҳавоӣ бо издиҳоми шаҳрвандони Тоҷикистон барои хариди билет ба Маскав рӯ ба рӯ ҳастанд .

  Ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон танҳо шуғлҳои муваққат бо маоши кам вуҷуд дорад, ки ҳатто барои таъмини хароҷоти ғизоии хонаводаҳо кифоят намекунад .

  Ин дар ҳоле аст, ки маоши коргарони муҳоҷир дар Русия ба маротиб бештар аст, ки ҳам ҳазинаи зиндагӣ дар ин кишвар ва ҳам эҳтиёҷоти хонаводаҳои коргарон дар Тоҷикистонро таъмин мекунад .

    Аз ин рӯ бар сари таҳияи фаврии билет миёни муҳоҷирони корӣ рақобат вуҷуд дорад .

   Ҳарчанд ки нархи билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ба Маскав барои ҳар мусофир ба вижа коргарони муҳоҷири тоҷик 350 евро  дар масири баргашт, ки мусофир камтар аст 149 евро таъин шудааст ,шуморе аз афроди ҷӯёи кор барои хариди билет ду баробар пул пардохт кардаанд .

    Гуфта мешавад ки бархе аз ин афрод билети ҳавопаймо дар парвози Душанбе - Маскавро ба нархи 10 ҳазор сомонӣ ( беш аз 950 доллар ) харидорӣ кардаанд .

  Ин дар ҳоле аст, ки ба тозагӣ Икром Субҳонзода-раиси Идораи ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон ба намояндагони ду ширкати "Сомон эйр " ва "Ют эйр " дар бораи гаронфурӯшии билет дар парвозҳои тозаоғозшуда дар масири Душанбе ва Маскав ҳушдор додааст .

 

      Бештар бихонед :

 

Барчасп