Талоши Тоҷикистон барои ҷазби 2,7 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ
-
Талоши Тоҷикистон барои ҷазби 2,7 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ
Мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд то се соли оянда ҳудуди 2,7 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ ҷазб кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин маврид дар пешбинии шохисҳои аслии иқтисоди калони Тоҷикистон барои солҳои 2021 то2023 дар назар гирифта шудааст.
Тибқи ин санад, мутавассити рушди солонаи ҷазби сармоягузории хорҷӣ 200 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
Дар соли ҷории мелодӣ сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди миллии Тоҷикистон ҳудуди 774 миллион доллар, соли 2022 924 миллион доллар ва дар соли 2023 як миллиарду 69 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
Пеш аз ин Комитети давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли 2020 ба иқтисоди ин кишвар 428 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2019 53 дарсад камтар аст .
Он замон эълом шуда буд, ки кишварҳои Чин бо ( 150 миллион доллар), Арабистони Саудӣ ( 39 миллион доллар ) ва Филиппин ( 38 миллион доллар ) бештарин сармоягузорон дар Тоҷикистон ҳастанд.
Бар асоси омори Комитети давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон , дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 70 тарҳи сармоягузорӣ ба арзиши 3,5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст.
Бештар бихонед: