Апрел 12, 2021 14:56 Asia/Dushanbe

Радиои тоҷикии Садои Хуросон дар моҳи мубораки Рамазони имсол низ вижабарномаи саҳаргоҳиро бо номи "Сурӯши саҳар " ба рӯзадорону муъминони шабзиндадор тақдим мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин барнома дар моҳи мубораки Рамазон ҳар бомдод аз соъати 02 : 20 то 03 : 50 ба вақти Душанбе пахш мешавад .

    Муъминон ва саҳархезон метавонанд ин барномаро ба муддати 90 дақиқа рӯйи мавҷи кӯтоҳи радифи 6110 килогерс ва мавҷи мутавассити радифи 720 килогерс дарёфт кунанд

  Ниёишу сурӯд, суҳбатҳои каршиносии динӣ, тартали Қуръон ва намоишномаҳо аз бахшҳои вижаи барномаи саҳаргоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон аст .