Оё интизории 6-солаи моликони Хуҷандӣ хотима хоҳад ёфт?
Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба соҳибони хонаҳое, ки 6 сол қабл ба баҳонаи таъмир вайрон карда шуда буд ва ширкати Чин аз иҷрои кор мунсариф шуд, ваъда доданд интизории онҳо ба зудӣ бароварда хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, акнун 32 хонавода мунтазири амалӣ шудани ваъдаи масъулони шаҳрдории Хуҷанд ҳастанд, ки қарор буд дар ҷашни наврӯз хонаҳои навро таҳвил диҳанд.
Ин моликон 6 соли ахирро дар хонаҳои иҷора зиндагӣ кардаанд.
Далел аз сохти хонаҳои ҷадид даст бардоштани ширкати чинии " China town " дар Хуҷанди боло будани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар минтақаи мавриди назар эълом шудааст.
Аммо акнун ширкатҳои вобаста ба шаҳрдории Хуҷанди хонаҳоро такмил кард ва мунтазири тасмими мақомот дар бораи вогузорӣ онҳо ҳастанд.
Маъмур Юсуфзод сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд эълом кардааст, ки хонаҳои нав бо лифтҳо, об, барқ, майдончаҳои бачагона ва дигар иншооти маишӣ таъмин карда мешаванд ва рӯзҳои наздик дар асоси лотерея ба соҳибонашон супорида мешаванд.
Бештар бихонед: