Рӯйдоди бесобиқа дар иқтисоди Тоҷикистон
Нахустин бор аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 то кунун дар муддати се моҳи нахусти имсол мизони содироти кишвар беш аз воридот шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ин муддат ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба як миллиарду 794 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл 33 дарсад ( 452 миллион доллар ) бештар мебошад.
Дар ин муддат мизони воридоти Тоҷикистон 844 миллиону 500 ҳазор доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл 13 миллион доллар бештар аст.
Аммо содироти Тоҷикистон низ дар ин муддат ба 949 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл афзоиши 441 миллиондолларӣ нишон медиҳад.
Аз ин рӯ тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нахустин бор дар даравони истиқлол ба маблағи 105 миллион доллар ба нафъи содирот шудааст, ки 75 дарсади онро фурӯши сангҳои қӣмматбаҳо ташкил мекунад.
Макони асосии содироти ин сангҳо Швейтсария мебошад, ки 40 дарсад ё 721 миллион доллари тамоми савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Русия, ки пештар шарики нахусти тиҷории Тоҷикистон буд бо 223 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтааст ва Чин низ бо 140 миллион доллар дар мақоми сеюм аст.
Бештар бихонад: