Содироти беш аз 990 миллиондолларии маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар
Август 05, 2024 13:36 Asia/Dushanbe
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми беш аз 990 миллион доллар маҳсулот содир кардааст.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Ожонси содироти вобаста ба давлати Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи нахусти имсол болиғ бар 997 миллиону 800 ҳазор доллар маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2023, 319 миллиону 200 ҳазор доллар ё муодили 47 дарсад афзоиш доштааст.
Вай бо эъломи ин матлаб, зимн баргузории нишасти хабарӣ афзуд: Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ин муддат беш аз 969 миллион доллар буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2023, 314. 5 миллион доллар, муодили 48. 1 дарсад афзоиш доштааст.
Барчасп