Истирдоди шаҳрванди тоҷик ба Душанбе бо вуҷуди мухолифати Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо
Як коргари сохтмони тоҷик бо вуҷуди мухолифати Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо аз Маскав ба Душанбе истирдод шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Қиём Гулови 30 -сола аз хонааш дар ғарби Маскав рабуда шуда ва ба Тоҷикистон мунтақил шудааст, ки Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо дар ҳоли баррасии шикояти вай мебошад.
Далели боздошт ва интиқоли Гулов ба Тоҷикистон, чанд муддат дар хонааш зиндагӣ кардани як тоҷики дигар аз ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон мебошад, ки қасд доштааст барои таҳсил ба Арабистони Саъудӣ биравад.
Замоне, ки кормандони Хадамоти амнияти федероли Русия ин тоҷикро дар роҳи фурудгоҳ боздошт мекунанд дар соли 2017 акси Қиём Гулов миёни васоили ӯ пайдо мешавад, ки мӯҷиби боздошт ва истирдоди ин коргари сохтимонӣ пас аз 4 сол ба Тоҷикистон мегардад.
Баҳром Ҳамроҳев мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Осиёи марказӣ дар Русия мегӯяд, ки Қиём Гулов бо номи сохтагӣ ва дастбанд ба даст аз Маскав ба Душанбе истирдод шудааст ва 5 рӯз пас аз интиқоли вай ба Тоҷикистон ба волидайнаш хабар додаанд, ки аз 500 километри онсӯтар ва аз вилояти Бадахшон барои дидани фарзандашон биёянд.
Иттиҳоми вай талош барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ эълом шудааст, ки метавонад аз 5 то 12 соли зиндонро дар пай дошта бошад.
Бештар бихонед: