Апрел 17, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқ дар Тоҷикистон бо вуҷӯди маҳдудияти дохилӣ афзоиш ёфтааст
    Содироти барқ дар Тоҷикистон бо вуҷӯди маҳдудияти дохилӣ афзоиш ёфтааст

Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 43 дарсадии содироти барқ ба хориҷ тайи се моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи монанди 2020 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, бинобар эъломи Кумитаи давлатии омори вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат ба Афғонистону Узбекистон ба арзиши молии 9 миллиону 719 ҳазордоллар барқ аз кишвар содир шудааст дар ҳоле ки ин шохис дар давраи монанди соли гузашта 6 миллиону 850 ҳазор доллар буд.

Ин дар ҳоле аст, ки аз оғози соли 2021 дар манотиқи рӯстоии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ вуҷӯд дорад.

Бар асоси барномаи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” сокинони манотиқи рӯстоӣ танҳо аз соати 5 субҳ то 23 шаб барқ доранд.

Бо вуҷӯди фарорасии фасли баҳор мақомоти энержии Тоҷикистон дар бораи лағви маҳдӯдияти интиқоли барқ иброз назар накардаанд.

Маҳдудияти барқ дар бахши хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поён расид, аммо аз 6 январи имсол азсар гирифта ва манотиқи рӯстоиро ҳам шомил шуд.

Мақомот коҳиши боришҳо ва кам шудани захираи об дар сади нерӯгоҳҳои барқи обиро далели ин иқдом эълом мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп