“Зарари ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дар Тоҷикистон ҷиддӣ нест”
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки зарари тазриқи ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дар баъзе аз шаҳрвандон ҷиддӣ нест .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ.тҷ Файзалӣ Саидзода-мудири Маркази пешгирӣ аз бемориҳои сирятии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз 12 ҳазору 380 нафаре, ки ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дарёфт кардаанд, танҳо 107 нафар аз таби боло шикоят доштанд ,ки баррасиҳо нишон медиҳад ин ориза ҷиддӣ нест .
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза аз ин ваксинаро дарёфт кардааст, ки кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди солхурда дар авлавияти тазриқи он қарор доранд .
Аз ин рӯ ваксина ба кормандони бахши дармон, муаллимон, кормандони фурӯдгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе тазриқ шудааст.
Қарор аст 624 ҳазор дозаи дигар аз ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дар чорчуби барномаи Ковакс, моҳи майи имсол ба Тоҷикистон мунтақил шавад .
Тоҷикистон ҳамчунин бо Русияу Чин барои ворид кардани ваксинаи корона дар ҳоли музокира аст .
Қаблан тазриқи ин ваксина дар бархе кишварҳои аврупоӣ ба далели мушоҳидаи мавридҳои ҷиддии лаълбастагии хун пас аз тазриқ, мамнӯъ шуда буд .
Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 5 миллион нафар аз ҷамъияти наздик ба 10 миллион нафарии кишвар ваксинаи корона дарёфт хоҳанд кард .
Бештар бихонед :
-
Чанд дарсад мардуми Тоҷикистон мехоҳанд ваксинаи коронаро гиранд?
-
Воридоти 732 ҳазор дозаи ваксинаи коронаи Астра Зенека/Оксфорд ба Тоҷикистон